Эмомалӣ Раҳмон: Дар соҳаи молия ва бонкдорӣ бештар занҳоро ба кор гиред!

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонаи худ ба Парлумони кишвар аз масъулини давлатӣ талаб намуд, ки дар соҳаи молия ва бонкдорӣ бештар занҳоро ба кор қабул намоянд. Зеро кор дар ин соҳа ба занҳо мувофиқтар аст. Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини давлатӣ дар соҳаи молия ва бонкдории кишвар талаб намуд, ки бо […]

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонаи худ ба Парлумони кишвар аз масъулини давлатӣ талаб намуд, ки дар соҳаи молия ва бонкдорӣ бештар занҳоро ба кор қабул намоянд. Зеро кор дар ин соҳа ба занҳо мувофиқтар аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини давлатӣ дар соҳаи молия ва бонкдории кишвар талаб намуд, ки бо ҳисоботҳои хушку холӣ назарфиребӣ накунанд ва супоришҳоро воқеан иҷро намоянд.

Тибқи маълумоти оморие, ки Сарвари давлат зикр намуд, шумораи заноне, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ фаъолият менамоянд сол аз сол зиёд шуда, имрӯз наздики 70 дарсадро ташкил менамояд.

Соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил додаанд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ даъват карда, таъкид намуд, ки ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.