Воридоти ашёи хом барои истеҳсолоти ниҳоӣ аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсола ба парлумон пешниҳод намуд, ки барои рушди истеҳсолот воридоти ашёи хомро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мебояд кард. Ба гуфтаи ӯ, “камбуди баъзе навъҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ мушкили рӯзмарра аст”. “Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсола ба парлумон пешниҳод намуд, ки барои рушди истеҳсолот воридоти ашёи хомро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мебояд кард.

Ба гуфтаи ӯ, “камбуди баъзе навъҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ мушкили рӯзмарра аст”.

“Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба ҷуз ашёи хоми истеҳсоли Тоҷикистон ва маҳсулоти зериаксизӣ, аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд”, – қайд кард ӯ.

Президент ба шахсони масъул дастур дод, ки дар муддати як моҳ тартиби пешниҳоди имтиёзҳоро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Зимнан зикр шуд, ки ҷорӣ шудани имтиёзҳо ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ба таъмини сокинон бо маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти ниёзи аввалия ва масолеҳи сохтмон шароит фароҳам овард.

“Тӯли се соли охир ҳиссаи воридоти маҳсулоти ғизойӣ ба миқдори 3 млрд. сомонӣ ё худ 31% кам шуд. Агар мо – аъзои ҳукумат, раисони шаҳру навоҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор бо масъулияти тамом кор кунем, дар ин самт муддати ду-се соли минбаъда ба андозаи то 50-60% худро бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмон таъмин карда метавонем”, – таъкид дошт сарвари давлат.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.