Маошу нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон 10-15% боло бурда мешаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон зарурати гузоштани замина барои боло бурдани ҳаҷми музди меҳнату нафақа ва стипендияҳоро дар солҳои минбаъда қайд кард. Ин нуктаро ӯ чунин шарҳ дод, ки барои ин дарёфти сарчашмаҳои иловагии бештар воридшавии маблағҳо ба буҷети давлатӣ зарур аст, яъне инро метавон тавассути рушди иқтисод, индустриякунонӣ ва афзоиши […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон зарурати гузоштани замина барои боло бурдани ҳаҷми музди меҳнату нафақа ва стипендияҳоро дар солҳои минбаъда қайд кард.

Ин нуктаро ӯ чунин шарҳ дод, ки барои ин дарёфти сарчашмаҳои иловагии бештар воридшавии маблағҳо ба буҷети давлатӣ зарур аст, яъне инро метавон тавассути рушди иқтисод, индустриякунонӣ ва афзоиши истеҳсолот анҷом дод.

Президент таъкид дошт, ки бо назардошти дарёфти сарчашмаҳои нав ҳукумат ба таҷрибаи ҳамасола боло бурдани маоши кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% идома медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки қисмати даромади буҷет аз 6,5 млрд. сомонӣ дар соли 2010 то ба 24 млрд. сомонӣ дар соли 2019 афзуд.

Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки дар буҷети соли 2019 болоравии даромади аҳолӣ ба андозаи на камтар аз 10% пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз 1 сентябри соли равон ҳаҷми музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 15-30% боло рафт.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.