Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар соли равон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумони кишвар дастовардҳои асосии кишварро дар соли равон номбар кард. Сарвари давлат изҳор намуд, ки дастгирии СММ аз ташаббусҳои Точикистон дар масъалаи об, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ва беҳбуди назарраси муносибатҳо бо Ӯзбекистонро метавон аз ҷумлаи дастовардҳои бузург дар соли равон унвон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумони кишвар дастовардҳои асосии кишварро дар соли равон номбар кард.

Сарвари давлат изҳор намуд, ки дастгирии СММ аз ташаббусҳои Точикистон дар масъалаи об, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ва беҳбуди назарраси муносибатҳо бо Ӯзбекистонро метавон аз ҷумлаи дастовардҳои бузург дар соли равон унвон кард.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун қадами устувор баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар аст.

Ба гуфтаи сарвари давлат, боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ дар соли ҷорӣ барқарор кардани муносибатҳои неки дӯстона бо Ӯзбекистон буда, пас аз бекор шудани реҷаи раводид бо Ӯзбекистон, ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба бамаротиб зиёд ва беш аз 2,5 млн. нафар шаҳрвандони ҳарду давлат аз қаламрави ҳамдигар боздид намуданд.

Президент зикр кард, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии икшвар 7,3% ва сатҳи таваррум – 5,4%-ро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр шуд, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 15 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, тайи се соли охир шумори муҳоҷирон ба хориҷи кишвар аз Тоҷикистон ба андозаи 25% кам шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд кард, ки дар муқоиса бо соли 2017 соли ҷорӣ даромади пулии аҳолии кишвар 11% афзудааст.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки соли 2023 шумори аҳолии Тоҷикиситон ба беш аз 10 млн. нафар расида, дар ин росто зарурати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ ба миён меояд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.