Наҷотбахшони тоҷик ду ҳафта аст, ки ҷасади “Саъдӣ-командир”-ро ҷустуҷӯ доранд

Наҷотбахшони тоҷик ду ҳафта мешавад, ки ҷасади полковники бознишаста Саъдӣ Холмуродовро пайдо карда наметавонанд. Ӯ 15 декабр дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд. “Наҷотбахшони КҲФ-и Тоҷикистон дар шаҳри Норак ҷасади марди ғарқшударо ҷустуҷӯ доранд”, – хабар дод сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Бино ба гуфтаи номбурда, Саъдӣ Холмуродови […]

Аваз Юлдашев

Наҷотбахшони тоҷик ду ҳафта мешавад, ки ҷасади полковники бознишаста Саъдӣ Холмуродовро пайдо карда наметавонанд. Ӯ 15 декабр дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд.

“Наҷотбахшони КҲФ-и Тоҷикистон дар шаҳри Норак ҷасади марди ғарқшударо ҷустуҷӯ доранд”, – хабар дод сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи номбурда, Саъдӣ Холмуродови 56-сола рӯзи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ғарқ шудааст.

Тибқи фарзияҳои пешакӣ, ин ҳодиса бар асари беэҳтиётии Саъдӣ Холмуродов рух додааст.

“Айни замон наҷотдиҳандагони Хадамоти Кумита ҷасади ӯро дар шаҳри Норак ҷустуҷӯ доранд”, – гуфт Умеда Юсуфӣ.

Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишаста бештар бо номи “Саъдӣ-командир” маъруф буда, замоне муовини генерали марҳум Суҳроб Қосимов буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.