Ҳукумати вилояти Суғд ба 900 оилаи камбизоат кӯмак менамояд

Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 900 оилаи камбизоат кӯмак дар шакли маҳсулоти ниёзи аввал, маҳсулоти хӯрокворӣ ва либос тақдим карда мешавад. Чунин кӯмак ба 60 оила аз ноҳияи Айнӣ, 60 аз Ашт, 80 аз Бобоҷон Ғафуров, 25 аз Гулистон, 60 аз Деваштич, 50 аз Зафаробод, 80 аз […]

Аваз Юлдашев

Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 900 оилаи камбизоат кӯмак дар шакли маҳсулоти ниёзи аввал, маҳсулоти хӯрокворӣ ва либос тақдим карда мешавад.

Чунин кӯмак ба 60 оила аз ноҳияи Айнӣ, 60 аз Ашт, 80 аз Бобоҷон Ғафуров, 25 аз Гулистон, 60 аз Деваштич, 50 аз Зафаробод, 80 аз Истаравшан, 60 аз Исфара, 20 аз Истиклол, 60 аз Конибодом, 20 аз Кӯҳистони Мастчоҳ, 50 аз Мастчоҳ, 80 аз Панҷакент, 40 аз Спитамен, 65 аз Хуҷанд, 40 аз Ҷаббор Расулов ва 25 аз Шаҳристан расонида мешавад, иттилоъ медиҳад маркази матботии раиси вилояти Суғд.

Ба кормандони масъули дастгоҳи раиси Суғд супориш дода шудааст, ки бевосита ба оилаҳои камбизоат ташриф намоянд ва кӯмаки ироашударо тақдим кунанд.

Ҳамчунин, бо супориши раиси вилояти Суғд ба маъюбони танҳо ва ятимони кул кӯмаки яквақтаина расонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.