Вазорати тандурустӣ ба интиқоди Президент фавран вокуниш нишон дод

26 декабр, пас аз ироаи паёми Президент ба парлумон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷаласаи корӣ доир намуда супориш дод, то камбудиҳои дар кори вазорат ҷойдошта, ки дар паёми имсола зикр карда шуд, бартараф карда шавад. Вазир расонидани ёрии аввалияи тиббии ройгонро дар тамоми муассисаҳои тиббии Тоҷикистон зери назорати шахсӣ гирифт. […]

26 декабр, пас аз ироаи паёми Президент ба парлумон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷаласаи корӣ доир намуда супориш дод, то камбудиҳои дар кори вазорат ҷойдошта, ки дар паёми имсола зикр карда шуд, бартараф карда шавад.

Вазир расонидани ёрии аввалияи тиббии ройгонро дар тамоми муассисаҳои тиббии Тоҷикистон зери назорати шахсӣ гирифт.

Супориш дода шуд, ки дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар барои расонидани ёрии аввалияи тиббии ройгон дорувории зарурӣ муҳайё карда шавад.

Вазири тандурустӣ талаб намуд, ки камбудиҳо дар самти расонидани ёрии таъҷилӣ ба сокинон, махсусан шабонгоҳ пурра бартараф карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба парлумон аз ҷой доштани камбудиҳо дар соҳаи тандурустии кишвар, аз ҷумла ҳангоми расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад, интиқод намуд.

Сарвари давлат аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент ёдовар шуда, зикр намуд, ки “дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад”. Ӯ гуфт, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар ронгон буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки аз нафари бемор маблағ ва доруворӣ талаб намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.