Дилшод Назаров ва Хушқадам Хусравов – варзишгарони сол дар Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равонро ҷамбаст намуда, ҷойизадоронро муайян кард. Чорабинии тантанавӣ 27 декабр дар маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза” баргузор гардид. Дар риштаи варзиши намуди олимпӣ гурзандоз Дилшод Назаров “Варзишгари сол” эълон шуд, ки дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия соҳиби медали нуқра гардида буд. Хушқадам Хусравов, ки имсол […]

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равонро ҷамбаст намуда, ҷойизадоронро муайян кард.

Чорабинии тантанавӣ 27 декабр дар маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза” баргузор гардид.

Дар риштаи варзиши намуди олимпӣ гурзандоз Дилшод Назаров “Варзишгари сол” эълон шуд, ки дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия соҳиби медали нуқра гардида буд. Хушқадам Хусравов, ки имсол дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо медали тилло ба даст овард, “Варзишгари сол” дар риштаи варзиши намуди ғайриолимпӣ шинохта шуд.

Қаиқрон Шаҳриёр Даминов беҳтарин варзишгари ҷавон ва муштзан Идимоҳ Холова беҳтарин варзишгардухтари ҷавон эътироф карда шуданд.

Дар риштаи “Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон” шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуд. Телевизиони “Варзиш” беҳтарин ВАО-и варзишӣ ва Алӣ Шарифов беҳтарин шореҳи варзиши Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон маротибаи чорум пайиҳам Федератсияи варзишии беҳтарини сол эълон шуд. Туҳфаи ифтихориро ба Хуршед Мирзо – муовини президенти ФФТ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим тақдим намуд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16), ки тирамоҳи соли равон дар Чемпионати Осиё – 2018 дар Малайзия нишони нуқра ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 дар Перуро соҳиб шуд, “Дастаи сол” дар Тоҷикистон эътироф гардид.

Сармураббии дастаи наврасони кишвар Зайниддин Раҳимов, ки зери роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё – 2018 муваффақ шуд, беҳтарин мураббии варзиши Тоҷикистон шинохта шуд.

Ҳамчунин дар маросими тантанавӣ дастаи наврасони Тоҷикистон 12 500 сомонӣ мукофоти Президенти Тоҷикистонро, ки барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис дода шудааст, соҳиб шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.