Боздошти бародари яке аз “лидер”-ҳои ғайрирасмии Бадахшон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

3 январ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ мақомоти интизомии кишвар Тоҳир Маҳмадбоқиров, бародари яке аз пешвоёни ғайрирасмии ин минтақа Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро, бо ҷурми авбошӣ боздошт карданд. Дар ин бора ба “АП” як манбаъ аз шаҳри Хоруғ хабар дод.

Боздоштшуда дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Хоруғ ҳамчун посбон кор мекунад. Ҳоло нисбати ӯ бо ҷурми “итоат накардан ба талаби қонунии кормандони милиса” айб эълон карда шудааст.

Ба наздикони Тоҳир Маҳмадбоқиров хабар додаанд, ки ӯ бар асоси парвандаи ҷиноятие, ки соли 2014 бо моддаи “авбошӣ”-и КҶ ҶТ кушода шуда буд, боздошт шудааст. Тибқи маълумоте, ки аз ВКД дастраси “АП” шуд, боздоштшуда аз соли 2014 расман дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт.

Тавре котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ дод, Т.Маҳмадбоқиров 3 январ сари чанбараки мошини “Мерседес”, ки ойинаҳояш ғайриқонунӣ сиёҳ карда шуда буданд, боздошт гардид. Ғайр аз ин, Т.Маҳмадбоқиров мошини бегонаро бе ваколатнома идора намуда, ҳангоми боздошт кормандони милисаро таҳқир намудааст.

Шаби гузашта чанде аз дӯстон ва пайвондони Тоҳир Маҳмадбоқиров дар назди Шуъбаи корҳои дохилии шаҳори Хоруғ ҷамъ шуда, раҳоии ӯро талаб намуданд ва шабро дар он ҷо рӯз карданд.

“Хешу табор ва рафиқони Тоҳир Маҳмадбоқиров дар назди Шуъбаи корҳои дохилии Хоруғ ҷамъ шуда, талаб доранд, ӯ раҳо шавад. Лекин то замоне, ки дар назди қонун барои ҷиноятҳои содиркардааш ҷавоб нагӯяд, раҳо карда намешавад",-гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш, моҳи октябри соли 2018 мақомоти интизомии Тоҷикистон дар як навори видеоӣ Мамадбоқиров Тоҳирро ба монеагузорӣ дар кори дидбонгоҳҳои Хоруғ муттаҳам карда буданд. Гуфта мешуд, ки ӯ ва дигар нафарони даст ба қонунвайронкунӣ задаро ҷазои қонунӣ интизор аст. Аммо маълум нест, ки боздошти ӯ ба ин қазия рабт дорад ё не.

Мамадбоқир Мамадбоқирови 55-сола, то соли 2007 дар вазифаи сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Мурғоб фаъолият карда, рутбаи подполковникро соҳиб шудааст. Ӯро яке аз афроди таъсиргузор дар вилояти Бадахшон мегӯянд, ки дар гузашта мақомот аз ӯ чун "саркардаи гурӯҳи ҷиноӣ" дар Хоруғ ном бурда буд.

Қаблан чанд маротиба ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст. Баъдан зери огоҳиномаи додситонӣ имзо гузошт, ки "гуруҳҳои ҷиноиро раҳбарӣ намекунад, намояндаи ҳукуматро таҳқир наменамояд, авбошӣ намекунад ва ба қочоқи маводи мухаддиру силоҳ машғул намешавад".

Се моҳ пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ВМКБ вазъи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақаро танқид намуд. Пас аз интиқоди президент роҳбари вилоят ва чанд шаҳру ноҳияҳо, сардорони мақомотҳои интизомии шаҳру вилоят иваз карда шуданд. Дар вилоят комиссияи махсуси байниидоравӣ таъсис гардид ва аз гуруҳҳои силоҳбадаст даъват карда шуд, ки дар муддати як моҳ силлоҳҳояшонро супоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...