Мусофирони “Тоҷик Эйр”-ро ба Россия “Сомон Эйр” интиқол медиҳад

Мусофирони ширкати миллии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр”-ро дар мавсими тирамоҳ ва зимистони имсола ба самти Россия, ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон Эйр” интиқол медиҳад. Дар ин бора аз маркази матбуотии ширкати “Тоҷик Эйр” хабар доданд. Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 4-уми январ гуфт, “ҷиҳати интиқоли мусофирони “Тоҷик Эйр” ба Россия бо ширкати “Сомон Эйр” […]

Мусофирони ширкати миллии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр”-ро дар мавсими тирамоҳ ва зимистони имсола ба самти Россия, ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон Эйр” интиқол медиҳад. Дар ин бора аз маркази матбуотии ширкати “Тоҷик Эйр” хабар доданд.

Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 4-уми январ гуфт, “ҷиҳати интиқоли мусофирони “Тоҷик Эйр” ба Россия бо ширкати “Сомон Эйр” тавофуқ ҳосил шудааст. Ин пешниҳод танҳо ба мусофирони хатсайрҳои самти Россия дахл дорад".

Ӯ зикр намуд, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкил, мутахассисони “Тоҷик Эйр” ба мусофирон кӯмак хоҳанд расонд.

Рақам барои тамос: (+992) 905 100 200, (+992 48) 701 50 42.

Рӯзҳои охир мусофирони “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби ба муҳлати дигар гузоштани парвозҳо, дучори мушкил шуда буданд. Пас аз Соли нав чанде аз парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба муҳлати номуайян гузошта шуд. Он вақт сабаби ба муҳлати номуайян гузоштани парвозҳоро ба тағйир ёфтани хатсайрҳо марбут дониста буданд.

Ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК “Тоҷик Эйр” соли 1930 таъсис ёфтааст. Имрӯз дар ин ширкат беш аз 500 нафар фаъолият менамоянд. “Тоҷик Эйр” ба самтҳои Ҳиндустон (Деҳлӣ), Чин (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алма-ато), Қирғизистон (Бишкек), Ӯзбекистон (Самарқанд) ва Россия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳамчунин, парвозҳои дохилӣ ба самти Хуҷанд ва Хоруғ низ ба роҳ монда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.