Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд гардид

Пас аз нисфирӯзии 3 январ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, Одноклассники маҳдуд карда шуд. Баъзе аз хабаррасонҳо ҳам бо мушкил кор мекунанд. Дар мавриди маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар Facebook иттилоъ паҳн гардид, баъдтар маълум шуд, ки дастрасӣ ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳдуд гардидааст. Ҳамчунин, […]

Пас аз нисфирӯзии 3 январ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, Одноклассники маҳдуд карда шуд. Баъзе аз хабаррасонҳо ҳам бо мушкил кор мекунанд.

Дар мавриди маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар Facebook иттилоъ паҳн гардид, баъдтар маълум шуд, ки дастрасӣ ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳдуд гардидааст. Ҳамчунин, тариқи WhatsАpp низ фиристодани садо мушкил шуд.

Чанде аз ширкатҳои интернетрасон мушкили дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабариро эътироф карданд, аммо  таъкид намуданд, ки мушкил бо сабабҳои аз онҳо вобаста набуда пеш омадааст.

То ҳол мо натавонистем, ки дар ин робита шарҳи расмии Хадамоти алоқаро дастрас намоем.

Ёдовар мешавем, ки дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ пайваста маҳдуд карда мешавад. Аз ҷумла, чанд ҳафтаи охир истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон наметавонанд, ки бе қулфшиканҳо сомонаҳои «Азия-Плюс» ва Радиои Озодиро боз кунанд.

10 декабри соли гузашта сафоратҳои Британия Кабир, Германия, Франсия, ИМА ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарии «Азия-Плюс» ва Радиои Озодӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ карда буданд.

“Мо чунин мешуморем, ки ҳар нафар ҳуқуқ дорад андешаи худро озод баён намояд. Ҳар шахс метавонад фикри худро дар майдонҳои ҷамъиятӣ ё интернет озод иброз намояд”,-гуфта мешавад дар изҳорот.

Сафирони хориҷӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки озодии матбуотро, бо риояи меъёрҳои эътирофнамудаи байналмилалӣ, таъмин намояд.

Дар изҳорот зикр карда мешавад, ки интернети босуръат ва дастрас барои рушди иқтисодии ҳар давлат муҳим аст.

Дар ҳамин ҳол, таҷриба нишон медиҳад, ки вақте дар ягон минтақаи кишвар вазъ номуътадил мегардад, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд карда мешавад.

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тахмин менамоянд, ки маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ин навбат ба боздошти бародари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров – Тоҳир Маҳмадбоқиров дар Хоруғ вобаста аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.