Оғози қабули дархост барои довталабони ҷоизаи Лоҳутӣ

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабули дархости довталабон ба ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутиро барои соли 2018 эълон намуд. Мукофотҳо дар бахшҳои зерин тақдим карда мешавад: – матбуоти даврӣ – радио – телевизион – тадқиқот дар соҳаи ВАО. Ба озмун танҳо аъзоёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳ дода шуда, дархостҳо бо иловаи маводҳо дар […]

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабули дархости довталабон ба ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутиро барои соли 2018 эълон намуд. Мукофотҳо дар бахшҳои зерин тақдим карда мешавад:

– матбуоти даврӣ

– радио

– телевизион

– тадқиқот дар соҳаи ВАО.

Ба озмун танҳо аъзоёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳ дода шуда, дархостҳо бо иловаи маводҳо дар 9 нусха то соати 17:00-и 5 феврали соли 2019 қабул мешаванд.

Инчунин, ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои журналистони донишҷӯ бо дархости донишгоҳҳо ва факултаҳои журналистӣ қабул мешаванд.

Маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март баргузор мегардад.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ соли 1968 таъсис дода шуда, ҳар сол ба журналистон барои беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва таҳқиқотҳо дар самти ВАО тақдим мегардид.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шуруъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, таҷлил карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.