Раҷабмо ва се фарзандаш имрӯз ба хок супурда мешаванд

Ҷасадҳои Раҷабмо Исоеваи 24-сола ва се фарзанди хурдсоли ӯ – Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад рӯзи якшанбе, 6 январ ба Душанбе оварда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. Ҷасадҳо нахуст аз Магнитогорск ба Екатеринбург ва сипас ба Душанбе интиқол дода шуданд. Интиқоли ҷасадҳо аз Душанбе ба вилояти Хатлонро Вазорати меҳнат, муҳоҷират […]

Ҷасадҳои Раҷабмо Исоеваи 24-сола ва се фарзанди хурдсоли ӯ – Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад рӯзи якшанбе, 6 январ ба Душанбе оварда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. Ҷасадҳо нахуст аз Магнитогорск ба Екатеринбург ва сипас ба Душанбе интиқол дода шуданд.

Интиқоли ҷасадҳо аз Душанбе ба вилояти Хатлонро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба уҳда гирифт.

Маросими намози ҷанозаи фавтидагон имрӯз, 7 январ соати 10 дар зодгоҳи онҳо – деҳаи Малик Гиёеви ҷамотати Ориёни ноҳияи Кӯшониён баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки падари ин хонавода – сокини 26-солаи ноҳияи Кӯшониён Шуҳрат Улфатовро аз аввалинҳо шуда, дар зери харобаҳои бино дарёфтанд.

Бино ба маълумоти охир, аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 45 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 39 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд.

Субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.