Дар деҳаи Малик Гиёеви ноҳияи Кӯшониён маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ҷасадҳои Раҷабмо Исоева ва се фарзанди хурдсоли ӯ, ки бар асари таркиш ва фурӯпошии бинои баландошёна ба ҳалокат расиданд, баргузор шуд.
Ба ин маросим садҳо нафар аз саросари ноҳия, ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар, сардори Раёсати муҳоҷирати вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати ВКД вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода, дигар шахсони расмӣ ва сокинони ноҳия ҳозир буданд.
Намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба пайвандону наздикони ин оила изҳори тасаллият ва ҷиҳати кумак ба оила омодагӣ изҳор намуданд.
Ҷасадҳои модару кӯдаконро дар оромгоҳи деҳа паҳлӯи ҳамдигар ба хок супурданд.
Ёдрас мекунем, ки ҷасадҳои Раҷабмо Исоеваи 24-сола ва се фарзанди хурдсоли ӯ – Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад рӯзи якшанбе, 6 январ ба Душанбе оварда шуд. Ҷасадҳо нахуст аз Магнитогорск ба Екатеринбург ва сипас ба Душанбе интиқол дода шуданд.
Ба қавли наздикони ин оила, интиқоли ҷасадҳо ва ҳамроҳони онҳоро аз Екатеринбург ба Душанбе ширкати “Сомон Эйр” бепул анҷом додааст. Дар фурудгоҳи пойтахт онҳоро шахсони расмӣ, аз ҷумла намояндаи хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, ҳамчунин ҳамдеҳагон пешвоз гирифта, ҳамдардӣ изҳор карданд. Интиқоли ҷасадҳоро аз Душанбе ба вилояти Хатлон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба уҳда гирифт.
Наздикону пайвандони оилаи Улфатовҳо ба ҳамаи тоҷикистониён ва ҳукумати кишвар барои дастгирӣ дар ин рӯзҳои мусибат миннатдорӣ баён карданд.
“Махусусан ба консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ва ҳамаи шаҳрвандони кишвар дар Магнитогорск ва ба сурати умум дар Русия, барои дастгириашон аз дақиқаҳои аввали фоҷеа беандоза миннатпазирем”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони оилаи Улфатовҳо.
Падари хонавода Шуҳрат Улфатов то ҳол дар бемористони шаҳри Челябинск бистарӣ аст. Вазъи солимии ӯ устуворона вазнин арзёбӣ мешавад. Дар бораи чӣ мусибате рух додан бо оилааш ӯ ҳоло чизе намедонад.
Субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.
Бино ба маълумоти охир, аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 45 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 39 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд.
Соатҳои аввали рух додани ҳодиса 18 нафар, аз ҷумла падари хонаводаи Улфатовҳо аз Тоҷикистон – Шуҳрат Улфатов аз зери харобаҳо наҷот дода шуданд. Ҷасадҳои модари оила Раҷабмо ва се фарзанди хурдсоли ӯ баъди се рӯз дарёфт шуданд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.


