Ҳалокати беш аз 30 нафар маъданчиёни афғон ҳангоми истихроҷи тилло

Дар кони истихроҷи тиллои музофоти Кӯҳистон (Kohistan) дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон дар вилояти Бадахшон беш аз 31 нафар маъданчиён ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса тахминан соатҳои 11-и субҳи рӯзи якшанбе, 6 январ рух додааст, менависад хабаргузории “Фергана”. Тибқи маълумоти дастгоҳи волӣ, боз 15 нафари дигар ҷароҳатҳо бардошта, бо ҳолати вазнин дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. […]

Дар кони истихроҷи тиллои музофоти Кӯҳистон (Kohistan) дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон дар вилояти Бадахшон беш аз 31 нафар маъданчиён ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса тахминан соатҳои 11-и субҳи рӯзи якшанбе, 6 январ рух додааст, менависад хабаргузории “Фергана”.

Тибқи маълумоти дастгоҳи волӣ, боз 15 нафари дигар ҷароҳатҳо бардошта, бо ҳолати вазнин дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Вакили маҳаллӣ Фавзия Кофи (Fawzia Kofi) изҳор доштааст, ки шумори ҳалокшудагон то ба 40 нафар расида, ҳамчунин дар натиҷаи афтодани дастгоҳи резакунӣ боз 19 маъданчӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Дар изҳороти дастгоҳи президент гуфта мешавад, барои тозакунии харобаҳову кӯҳпораҳои афтода ба ин минтақа наҷотдиҳандагон сафарбар шудаанд.

Вилояти Бадахшони кишвари ҳамсоя бо конҳои канданиҳои фоиданок маъруф буда, лекин аз камтаваҷҷуҳии ҳукумат ва имкон надоштани танзими истихроҷи он минтақаи қашшоқ боқӣ мемонад. Аксари конҳо дар мавзеъҳои зери тасарруфи гурӯҳҳои мусаллаҳи гуногун воқеъ буда, сарварони онҳо ғайриқонунӣ ба истихрочи канданиҳои фоиданоки қиматбаҳо машғуланд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.