Тақдими ҷоизаҳои “Глобуси тиллоӣ” дар Лос-Анҷелес

Дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими 76-уми эътои ҷоизаҳои "Глобуси тиллоӣ" баргузор шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷоизаи беҳтарин филмро "Рим"-и Алфонсо Куаронаи мексикоӣ соҳиб шуд. Куарона ҳамзамон беҳтарин коргардон унвон шуд. Гуфта мешавад, ҷоизаи "беҳтарин филми драмавӣ"-ро "Бадеҳаи Боҳемия"-и Брайан Сингер соҳиб шуд. Бозигари нақши асосии филми мазкур Рами Малек […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими 76-уми эътои ҷоизаҳои "Глобуси тиллоӣ" баргузор шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷоизаи беҳтарин филмро "Рим"-и Алфонсо Куаронаи мексикоӣ соҳиб шуд. Куарона ҳамзамон беҳтарин коргардон унвон шуд.

Гуфта мешавад, ҷоизаи "беҳтарин филми драмавӣ"-ро "Бадеҳаи Боҳемия"-и Брайан Сингер соҳиб шуд. Бозигари нақши асосии филми мазкур Рами Малек ҷоизаи беҳтарин нақшофари драмавиро соҳиб гардид.

Филми аниматсионии "Одам-тортанак: даври дунё" ҷоизаи беҳтарин филми аниматсиониро аз худ кард. Дар бахши "беҳтарин силсилафилми драмавӣ" филми "Амрикоиҳо" пирӯз шуд, ки аз рӯзгори гумоштаҳои КГБ нақл мекунад.

Беҳтарин нақшофари зан дар бахши бозигари драмавӣ Гленн Клоуз эътироф гардид.

Майкл Дуглас ҷоизаи беҳтарин нақшофари ҳаҷвиро аз худ кард.

Зикр мегардад, ки "Глобуси тиллоӣ" – ҷоизаи амрикоист, ки аз сӯи Эътилофи расонаҳои хориҷии Ҳолливуд соли 1944 ташкил шудааст. Ҷоиза дар 25 бахш тақдим мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.