Иҷозаи зист ба тоҷикистониён дар Ӯзбекистон зимни харидани манзил

Шаҳрвандони хориҷии 109 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон зимни харидани амволи ғайриманқул дар Ӯзбекистон, ба ҳуҷҷати иҷозаи зист (вид на жительство) соҳиб шуда метавонанд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита хабар медиҳад, дар ин хусус президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев фармони дахлдор ба имзо расонидааст. Чунин ҳуқуқ бо шарти харидории амволи ғайриманқул […]

Шаҳрвандони хориҷии 109 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон зимни харидани амволи ғайриманқул дар Ӯзбекистон, ба ҳуҷҷати иҷозаи зист (вид на жительство) соҳиб шуда метавонанд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита хабар медиҳад, дар ин хусус президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев фармони дахлдор ба имзо расонидааст.

Чунин ҳуқуқ бо шарти харидории амволи ғайриманқул дар шаҳр ва вилояти Тошканд –  ба маблағи на камтар аз 400 ҳазор доллар, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, Намангону Андиҷон, Фарғона ва Хоразм – ба маблағи на камтар аз 200 ҳазор доллар ва дар Қарақалпоқистону дигар вилоятҳои кишвар – ба маблағи на камтар аз 100 ҳазор доллар дода мешавад.

Ғайр аз ин, Ӯзбекистон шумори кишварҳоеро, ки ба вуруди шаҳрвандонашон бе раводид (виза) иҷоза аст, низ зиёд кард, иттилоъ медиҳад УзА.

Рӯйхати мазкурро Norma.uz нашр кард. Ин ҷо асосан сари кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Италия, Австрия, Норвегия ва Британияи Кабир, ҳамчунин чанде аз дигар давлатҳо бо шумули Канада ва Зеландияи Нав сухан меравад.

Илова бар ин, рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бо тартиби соддашуда раводиди электронӣ ба расмият дароранд, низ то 76 давлат афзуд. Аз моҳи марти соли 2019 навъҳои иловагии чунин раводидҳо ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, ба расмият даровардани чунин ҳуҷҷатҳо барои чандин маротиба истифода бурдан пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.