Дарёфти ҷасади “Саъдӣ-командир” баъди 22 рӯзи ғарқшавӣ

Наҷотдиҳандагони тоҷик рӯзи 6 январ ҷасади полковники мустаъфии бригадаи ҷудогонаи фаврии ВКД Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродовро дарёфтанд, ки бештар ҳамчун “Саъдӣ-командир” маъруф асту санаи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ғарқ шуда буд. “Наҷотдиҳандагони хадамоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Норак ҷасади ӯро якуним километр пойинтар аз ҷойи ғарқшавиаш дарёфт намуда, ба ихтиёри […]

Наҷотдиҳандагони тоҷик рӯзи 6 январ ҷасади полковники мустаъфии бригадаи ҷудогонаи фаврии ВКД Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродовро дарёфтанд, ки бештар ҳамчун “Саъдӣ-командир” маъруф асту санаи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ғарқ шуда буд.

“Наҷотдиҳандагони хадамоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Норак ҷасади ӯро якуним километр пойинтар аз ҷойи ғарқшавиаш дарёфт намуда, ба ихтиёри пайвандону наздиконаш супурданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Тибқи фарзияҳои пешакӣ, ин ҳодиса бар асари беэҳтиётии худи Саъдӣ Холмуродов рух дода, аз рӯи ин далел мақомоти прокуратура ва милитсияи шаҳри Норак тафтишот ба роҳ мондаанд.

Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишаста бештар бо номи “Саъдӣ-командир” маъруф буда, замоне муовини генерали марҳум Суҳроб Қосимов буд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.