Ҳалокати афсари қушунҳои сарҳадӣ дар марз бо Афғонистон

Афсари Қушуӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳин (пештара Шӯрообод)-и ҳаммарз бо Афғонистон ба ҳалокат расид. Зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Суханвар Олимов рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон захми марговар гирифт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон. Ҳамхизматонаш баҳри наҷоти ӯ талош варзидаанд, ки ҳарчи зудтар […]

Афсари Қушуӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳин (пештара Шӯрообод)-и ҳаммарз бо Афғонистон ба ҳалокат расид.

Зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Суханвар Олимов рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон захми марговар гирифт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон.

Ҳамхизматонаш баҳри наҷоти ӯ талош варзидаанд, ки ҳарчи зудтар ӯро ба беморхона расонанд, вале ӯ дар роҳ мефавтад. Ба тафтиши ҳодиса айни замон прокуратураи ҳарбӣ машғул аст.

Дар бораи ҳалокшуда маълум аст, ки ӯ ҳамагӣ чанд моҳ пеш дар дидбонгоҳи "Баҳорак"-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба хизмат оғоз кардааст.

Қобили зикр аст, ки рӯзи аввали соли нав дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қочоқбарони афғон нимаи рӯз ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, як чӯпони маҳаллӣ – Тӯрахон Нурматови 42-соларо бо худ бурданд.

Қаблан низ ҳодисаҳои рабудани сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ аз ҷониби қочоқбарони афғон рух дода буданд. Маъмулан афғонҳо пайвандону наздикони тоҷиконеро рабудаву гаравгон мегиранд, ки барои маводи нашъаовар аз онҳо қарздоранд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.