Дастгирии “Барқи тоҷик” аз ҳисоби андозсупорандагон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумат тасмим гирифт, ки ба воситаи аз эътибор соқит кардани қарзҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ки “Барқи тоҷик” аз он қарздор аст, ширкатро аз лиҳози молӣ дастгирӣ намояд.

Дар қарори охири моҳи декабр қабулшудаи ҳукумат дастур дода мешавад, ки қарзи ширкат назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба маблағи наздики 47,2 млн. сомонӣ кам карда шавад. Ин қарз аз харидории нерӯи барқ аз ҷониби ширкат ба вуҷуд омадааст.

“Маблағи мазкур ба сифати саҳми муассис (Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ) дар фонди оинномавии ШСХК “Барқи тоҷик” ба инобат гирифта шавад”, – қайд мешавад дар санад.

Дастур дода мешавад, ки воситаҳои ба сармояи оиннномавӣ гузаронидашуда ҳамчун пардохти қисмати қарзи мавҷудаи “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳ ба назар гирифта шавад. Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ин воситаҳоро тавассути аз эътибор соқит донистани қарзҳо аз андоз дастрас мекунад.

“Аз ҳисоби кам кардани бақияи қарзи нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ки ба санаи 15 ноябри соли 2018 назди буҷети давлатӣ аз андоз ба вуҷуд омадааст, ба маблағи 47 195 473 сомонӣ (бидуни назардошти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ) ҳисоббаробарии дуҷониба анҷом дода шавад”, – таъкид мешавад дар ҳуҷҷат.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ширкати “Барқи тоҷик” ва нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бояд ба маълумотҳои бақайдгирӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

Дар сомонаи расмии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 зикр мегардад, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳ беш аз 1 млрд. 55 млн. сомонӣ (наздики 112 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад. Давоми соли 2018 ҳаҷми ин қарз қариб 240 млн. сомонӣ (ҳудуди 25 млн. доллар) афзуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...