Зинаи 80-уми Тоҷикистон дар рейтинги шиносномаҳои Henley & Partners

Дар рейтинги нави шиносномаҳои Henley & Partners аз лиҳози шумори кишварҳои вуруди бидуни раводид Тоҷикистону Ӯзбекистон зинаи 80-умро ишғол намуданд. Қаблан аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи чоруми соли гузашта Тоҷикистон зинаи 83-юмро касб карда буд. Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни раводид (виза) метавонанд ба 58 кишвари саросари дунё сафар кунанд. Қазоқистон дар зинаи 67-ум қарор гирифта, қазоқистониҳо […]

Дар рейтинги нави шиносномаҳои Henley & Partners аз лиҳози шумори кишварҳои вуруди бидуни раводид Тоҷикистону Ӯзбекистон зинаи 80-умро ишғол намуданд. Қаблан аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи чоруми соли гузашта Тоҷикистон зинаи 83-юмро касб карда буд.

Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни раводид (виза) метавонанд ба 58 кишвари саросари дунё сафар кунанд.

Қазоқистон дар зинаи 67-ум қарор гирифта, қазоқистониҳо бе раводид ба 76 кишвар рафта метавонанд. Қирғизистон дар мақоми 76-ум ҷойгир шуда, шаҳрвандони ин ҳамсоякишвар ба 64 давлат ва туркманистониҳо ба 53 давлат бе раводид сафар карда метавонанд.

Зинаи аввалро дар рейтинг Япония ишғол намудааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид аз 190 кишвари дунё боздид карда метавонанд. Зинаи дуюмро Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ (сафар ба 189 давлат бидуни раводид) ва мақоми сеюмро Олмону Фаронса (188 давлат) касб кардаанд.

Дар зинаҳои охири рейтинг Афғонистон ва Ироқ ҷойгир шудаанд. Шаҳрвандони ин кишварҳо бе раводид ба 30 кишвар сафар карда метавонанд.

Индекси шиносномаҳои Henley & Partners, қаблан маъруф бо номи Индекси (шохиси) маҳдудиятҳои раводидӣ (соли 2018 номаш иваз шуд), рейтинги байнулмилалии кишварҳо оид ба сатҳи озодии равуо мебошад, ки онҳо ба шаҳрвандони худ пешниҳод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, реҷаи бераводид дар ҷумҳурӣ танҳо бо 33 кишвар амал мекунад. Ин маълумот дар сомонаи ин ниҳод оварда шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.