Боздошти оммавии муҳоҷирон дар Магнитогорск

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Магнитогорски Русия боздошти дастҷамъии муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон сурат гирифт. Тавре Радиои Озодӣ дар ин робита хабар медиҳад, тоҷирони бозори “Гранд”, ки дар рӯ ба рӯи масҷиди ҷомеи Магнитогорск қарор дорад, гуфтанд, теъдоди боздоштшудаҳо даҳҳо нафар ва асосан зодагони зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон буданд. Яке аз шоҳидон бидуни бурдани номаш […]

Радиои Озодӣ

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Магнитогорски Русия боздошти дастҷамъии муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон сурат гирифт.

Тавре Радиои Озодӣ дар ин робита хабар медиҳад, тоҷирони бозори “Гранд”, ки дар рӯ ба рӯи масҷиди ҷомеи Магнитогорск қарор дорад, гуфтанд, теъдоди боздоштшудаҳо даҳҳо нафар ва асосан зодагони зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон буданд.

Яке аз шоҳидон бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо телевизиони “Настоящее время” гуфтааст, “боздошт мекарданд ва ба қароргоҳи полис мебурданд. Гӯиё мо коре карда бошем. Касе дақиқ чизе намегӯяд, ки тоҷикон масъули чӣ коре ҳастанд. Хулоса, моро тафтиш доранд ва ман намедонам, чаро?”.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали соли нав дар маркази шаҳри Магнитогорск дар масофаи се километр аз макони фурӯрезии бинои истиқоматӣ як мусофирбари хурд таркид ва дастикам се нафарро ба ҳалокат расонд. Баъд аз он кормандони милиса ҳамроҳи нерӯҳои ОМОН дар бинои истиқоматии рақами 91, воқеъ дар кӯчаи Ленини Магнитокорск кофтукобро ба роҳ монданд.

Онҳо аз сокинон талаб карданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва ҳамзамон ба онҳо акси чанд нафареро нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки баъди таркиш ва фурӯ рехтани бинои истиқоматӣ дар ин шаҳр яке аз фарзияҳо амали террористӣ буд. Аммо Кумитаи тафтишотӣ ин фарзияро рад кард ва гуфт, ки аз зери вайронаҳои бино осори маводи тарканда ёфт нашуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.