Ҳар ду рӯз дар Тоҷикистон офати табиӣ рух медиҳад?

Дар Стратегияи милии коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар давраи солҳои 2019-2030, ки 29 декабри соли 2018 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон қабул шуд, қайд мешавад, ки тӯли 22 соли охир бар асари офатҳои табиӣ ба ҷумҳурӣ ним миллиард доллар зиён расидааст. “Дар давраи аз соли 1997 то соли 2018 дар Тоҷикистон тақрибан 3460 ҳодисаҳои офати табиӣ […]

Дар Стратегияи милии коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар давраи солҳои 2019-2030, ки 29 декабри соли 2018 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон қабул шуд, қайд мешавад, ки тӯли 22 соли охир бар асари офатҳои табиӣ ба ҷумҳурӣ ним миллиард доллар зиён расидааст.

“Дар давраи аз соли 1997 то соли 2018 дар Тоҷикистон тақрибан 3460 ҳодисаҳои офати табиӣ рух дод, яъне ба ҳисоби миёна ҳар ду рӯз як ҳодисаи офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст”, – омадааст дар Стратегия.

Гуфта мешавад, навъи бештар маъмул (ба ҳисоби миёна 70 ҳодиса дар 1 сол) ва марговар (ба ҳисоби миёна 35 ҳалокшуда дар 1 сол)-и офати табиӣ селҳо шуморида шуда, дар зинаи дуюм ҳодисаҳои фаромадани тарма ва ярчҳо (ба ҳисоби миёна 27 ҳодиса ва 6 ҳалокшуда дар 1 сол) қарор доранд.

Дар ин давра дар як сол ба ҳисоби миёна 23 офати табиии марбут ба заминларза ва 2 ҳалокшуда дар 1 сол бар асари он ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми умумии зиёни расида аз офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон дар давраи солҳои 1997-2018 беш аз 589 млн. долларро ташкил додааст: аз сел – ба ҳисоби миёна 15 млн. доллар, хушксолӣ – 5,4 млн. доллар (солҳои 2000-2001) ва заминҷунбӣ – 3,3 млн. доллар.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.