10 сурати муҳим аз бойгонии хабаргузории Asia-Plus

Яксаду ҳаштод сол пеш, 9 январ суратгирӣ (аксбардорӣ) ихтироъ шуд. Соли 1839 дар ҷаласаи Академияи илмҳои Париж Дагер ва Непс дар бораи ихтирои дагеротипия – тарзи нахустини аксбардорӣ хабар доданд. Ба ин муносибат мо аз масъули ташкили бойгонии суратҳо – аксбардор Нозим Қаландаров дархост намудем, ки аз миёни садҳо ҳазор суратҳо 10-то муҳимтаринашро интихоб намояд, […]

Яксаду ҳаштод сол пеш, 9 январ суратгирӣ (аксбардорӣ) ихтироъ шуд. Соли 1839 дар ҷаласаи Академияи илмҳои Париж Дагер ва Непс дар бораи ихтирои дагеротипия – тарзи нахустини аксбардорӣ хабар доданд.

Ба ин муносибат мо аз масъули ташкили бойгонии суратҳо – аксбардор Нозим Қаландаров дархост намудем, ки аз миёни садҳо ҳазор суратҳо 10-то муҳимтаринашро интихоб намояд, ки манзуратон мегардонем.

Соли 2005, амали террористӣ дар бинои он замон Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва “Амонатбонк”, автомашинаи “Газ-24” таркида, ронанда ҳалок шуд. Фарзияе вуҷуд дошт, ки ин амал алайҳи роҳбари Вазорат Мирзо Зиёев ё раиси “Амонатбонк” Маҳмадамин Маҳмадаминов равона шудааст.

Соли 2007, сӯхтор дар бинои Донишгоҳи тиббӣ. Дар хомӯш кардани он ҳамаи дастаҳои оташнишонии ВКД Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иштирок карданд.

Соли 2005, қурби доллар дар Тоҷикистон босуръат боло рафта, Бонки миллӣ тасмим гирифт, ки онро бо қурби нисбатан пасттар – 5,95 сомонӣ барои 1 доллар фурӯшад. Он замон доллар дар ду нуқтаи мубодилаи асъори пойтахт фурӯхта шуда, назди ин нуқтаҳо издиҳоми зиёди мардум навбатпойӣ мекарданд.

Соли 2017, моҳи феврал, чорабинӣ ба муносибати хурӯҷи артиши шӯравӣ аз Афғонистон назди муҷассамаи ҷанговари интернатсиналист, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ва мактаби №37, ки ӯ дар он таҳсил кардааст.

Соли 2005, интернат дар Чорбоғ каме пештар аз ҳодисаи сӯхтор. Соли 2006 дар ин ҷо бар асари сӯхтор 13 кӯдаки маъюб ҳалок шуд.

Соли 2011, боздиди он замон котиби давлатии ИМА Ҳиллари Клинтон аз Тоҷикистон. Зимни сафар ӯ дар Маркази исмоилияи Душанбе бо намояндагони аҳли ҷомеа дидору гуфтушунид кард.

Соли 2012, сӯхтори 7-уми моҳи сентябр  дар бозори Корвон: сӯхтор беш аз 5 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, 2 ҳазору 550 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафт, се нафар ҳалок шуда, чандеи дигар ҷароҳат бардоштанд.

Соли 2005, сарҳадбонони русиягӣ Тоҷикистонро тарк карданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ марзбонони рус дар ҳайати 19 ҳазор нафар қариб 13 сол сарҳадро посбонӣ карданд. Соли 2005 посбонии сарҳад зери назорати Тоҷикистон гузашт.

Соли 2014, сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи Хуҷанд: фелдшери қисми низомии 2026 Усмон Ғайратов ӯро лату кӯб намуда, гарданашро шикаст. Шаҳбол то ҳол бистарӣ буда, аз ҷогаҳ хеста наметавонад.

Соли 2011, бегемот (баҳмут) Турсунбой аз Қирғизистон ба боғи ҳайвоноти Душанбе оварда шуд. Турсунбой зодаи Бишкек ва волидонаш аслан аз Австралия мебошанд. Баъди як соли омадан бегемот дар Душанбе ҳалок шуд. 

Соли 2004, Бобои Барфӣ ба табрики сарҳадбонони русиягӣ омад, ки он замон марзи Тоҷикистону Афғонистонро посбонӣ мекарданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.