Вакилон муҳоҷирони тоҷикро дар Маскав аёдат карданд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва Ҳокимҷон Холиқзода муҳоҷирони кории тоҷикро бо рӯйдод ва навгониҳои рухдода дар ватан ва бандҳои асосии паёми президент Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон шинос карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, вакилон бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия  ва намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва Ҳокимҷон Холиқзода муҳоҷирони кории тоҷикро бо рӯйдод ва навгониҳои рухдода дар ватан ва бандҳои асосии паёми президент Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон шинос карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, вакилон бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия  ва намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  дар Маскав оид ба муҳоҷират, дар маркази савдои “Южние ворота”-и шаҳри Москва бо иштироки фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи соҳибкорону кормандони як қатор  марказҳои тиҷоратии шаҳр ва вилояти Москва бо муҳоҷирон дидору гуфтушунид карданд.

Дар мулоқот яке аз мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм буд. Ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза ба терроризму экстремизм дахл намуда, вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода афзуд, ки имрӯз Тоҷикистон мавқеъ ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ бобати ташаббусҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зиддӣ терроризму экстремизм дорост ва ҳеҷ гуруҳи иртиҷоӣ ва игвоангез наметавонад, дар сурати якҷо будани мо ба оромиву осоиштагии ватани азизамон халал ворид намоянд.

Вакилон изҳор намуданд, ки миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷирони ҷавон пайваста ташвиқу тарғиб роҳандозӣ шудааст, ки дар баробари омузиши динӣ аз касбу кору ихтисосҳои муосир бархурдор бошанд.

“Барои таълими илми динӣ ба хориҷа рафтан зарурат надорад ва аз ин худдорӣ намоянд. Зеро имруз дар хориҷа ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне фаъолият доранд, ки ҳадафҳои аслии дини мубини Ислом як су монда, мақсадҳои гаразноки худро тавассути ҷавонони ноогоҳ роҳандозӣ мекунанд”, – иброз доштанд онҳо.

Гуфта мешавад, дар идома илова шуд, ки  аз пайравӣ ба чунин ҳизбу равияҳои иртиҷой худдорӣ ва эҳтиёт бояд кард ва пурзӯр намудани корҳои таблиғотиро дар самти пешгирии ҳолатҳои шомилшавии муҳоҷирон ба сафи гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ миёни муҳоҷирон вазифаи муҳими ҳар як фард арзёбӣ намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми мулоқот вакилон аввалин намунаҳои маводи нашрии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанон тақдим намуданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.