Даргузашти охирин раиси Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ

Охирин раиси Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Анатолий Лукянов дар шаҳри Москва дар натиҷаи бемории вазнин даргузашт. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора духтари Лукянов – Елена ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, Анатолий Лукянов 88 сол дошт. Ӯ соли 1930 дар Смоленск ба дунё омадааст. Соли 1943 корро дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Охирин раиси Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Анатолий Лукянов дар шаҳри Москва дар натиҷаи бемории вазнин даргузашт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора духтари Лукянов – Елена ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, Анатолий Лукянов 88 сол дошт. Ӯ соли 1930 дар Смоленск ба дунё омадааст. Соли 1943 корро дар корхонаи дифоӣ оғоз карда, соли 1953 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намуд. Баъд аз хатми донишгоҳ дар ниҳодҳои гуногуни ҳукуматӣ фаъолият дошта, соли 1961 дар дастгоҳи Шӯрои олии СССР корро оғоз кард.

Лукянов соли 1990, пас аз президенти СССР интихоб шудани Михаил Горбачев раисии Шӯрои олиро бар зимма гирифт. Ӯ соли 1991 дар ташкили ГКЧП ё ошӯби зидди Горбачев иштирок дошт ва баъди он боздошт шуд.

Соли 1994 ӯро авф карданд. Лукянов пас аз озодии худ, солҳои 1994-2000 дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Русия кор кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.