Бонки миллӣ: Тангаҳоро дар хона захира накунед!

Ин изҳороти худро дар Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ доданд, ки ахиран мардум ба ҷамъоварии пули майда шурӯъ намуда, ба миқдори зиёд онро дар хонаҳои худ захира мекунанд, ба қавле ба “копилка”-ҳояшон мепартоянд. “Ин бошад, ба он оварда мерасонад, ки талабаот ба тангаҳо дар муомилот нисбат ба эҳтиёҷи аҳолӣ зиёд мешавад” – қайд карданд […]

Ин изҳороти худро дар Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ доданд, ки ахиран мардум ба ҷамъоварии пули майда шурӯъ намуда, ба миқдори зиёд онро дар хонаҳои худ захира мекунанд, ба қавле ба “копилка”-ҳояшон мепартоянд.

“Ин бошад, ба он оварда мерасонад, ки талабаот ба тангаҳо дар муомилот нисбат ба эҳтиёҷи аҳолӣ зиёд мешавад” – қайд карданд дар Бонки миллӣ”.

Таъкид шуд, ки барои қонеъ намудани талабот ба миқдори кофӣ тангаҳо ба муомилот бароварда мешаванд, лекин дар бораи миқдори умумии онҳо ё ҳисса дар таносуби фоизӣ ба ҳаҷми умумии пул дар муомилот маълумот дода нашуд.

Қобили зикр аст, ки ахиран тобистони соли гузашта Бонки миллӣ тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам ба муомилот баровард. Онҳо дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Тангаҳои барориши соли 2018 дар корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон истеҳсол шуда, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон тангаҳои арзишашон баробар ба 1 (як) дирам, 2 (ду), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 25 (бисту панҷ) ва 50 (панҷоҳ), ҳамчунин тангаҳои арзиши 1 (як), 3 (се) ва 5 (панҷ) сомонӣ дар гардиш қарор доранд.

Дар муомилот ҳамчунин тангаҳои силсилаи истеҳсоли солҳои 2001-2006 ва соли 2011 сикказанӣ шудаву 2 феврали соли 2013 ба муомилот баровардашуда низ истифода мешаванд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.