Ба 35 варзишгари тоҷик унвони “устоди варзиш”дода шуд

Asia-Plus

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба 42 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои “Номзад ба устоди варзиш”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро намудаанд, шаҳодатномаҳои дахлдор дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, заҳодатномаҳо зимни як ҷаласа дар Кумита аз ҷониби ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо ва сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров тақдим гардид.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки соли 2018 сафи гирандагони Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 3 маротиба бештар шуда, ба 76 нафар расид.

Ҳамин тариқ, 4 нафар – Икромзода Баракатулло, Аҷам Нуриддинов, Муҳаммадҷон Холиқов (ҳар се аз намуди гуштини миллӣ), Фаррух Шоев (каратэ-киёкушинкай) бо унвони “Номзад ба устоди варзиш” соҳиб шуданд.

Гуфта мешавад, 35 нафар – Асадбек Фатоев, Сафаралӣ Давлатов, Меҳрдод Аҳёев, Сиёвуш Машрабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (ҳама аз намуди каратэ), Гулмира Исроилова, Сунатулло Юнусзода (бокс), Ардашер Гадоев (шиноварӣ), Муҳаммадҷон Баротов, Довуд Соҳибназаров, Одилҷон Сафаров (гуштини миллӣ), Миралӣ Мустонов (гуштини юнонӣ-румӣ), Сулаймони Ҷамшед, Мирзоҷамил Рамазонов (дзюдо), Синои Маҳмадулло, Ҳабибуллои Саъдулло, Некрӯз Зуҳуров (қайиқронӣ), Абдурауф Мусоев, Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук), Фармон Зоҳирбеков, Эроншоҳ Нағзибеков, Тоҳирҷон Қурбонов, Эҳсон Одинаев, Сардемак Марадов, Алишер Ҷабборов, Матлуба Маҳшулова, Карашма Камолова (волейбол), Анушервон Раҳимов (камонварӣ), Амришер Собиров (дастхобонӣ), Сорбон Азизов, Омина Зарифова, Умеди Қурбонназар, Шоҳзода Тоҷибоева (таэквандо ИТФ), Комрон Нарзуллоев (таеквондо WT), Абдуҳаким Ҳақбердиев (вазнбардорӣ) бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

Сафия Исмоилова (таэквандо ИТФ) бо унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” ва 2 нафар – Баҳодур Каримов (шашка), Абдулло Наботов (дзюдо) бо унвони “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта шумори гирандагони унвонҳои “Устоди варзиш” ва “Номзад ба устоди варзиш” қариб 4 маротиба камтар аст. Соли гузашта 175 нафар ба унвонҳои варзишӣ соҳиб шуда буданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...