Кумитаи андоз аз гуфтугӯҳо дар мессенҷер андоз ситониданист

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Чанде қабл Кумитаи андози Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки масъалаи ситонидани маблағ барои хизматгузории иловагӣ, маҳз зимни истифодаи гуфтугӯ бо мессенҷерҳои Whatsapp, Viber, Messenger ва ғайра баррасӣ шавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Эркаев хабар дод, Кумитаи андоз аз субъектҳо талаб намудааст, ки имкони ситонидани пардохт аз аҳолӣ барои пешниҳоди хизматгузориҳои зикршуда мавриди баррасӣ қарор гирад.

Кумита аз операторони алоқаи мобилӣ тақозо кардааст, ки ҳар як дақиқаи гуфтугӯи муштариён тариқи Viber, Whatsapp, IMO ва дигар мессенҷерҳо ҳисобу китоб шуда, мувофиқи он ба буҷет андоз пардохта шавад.

Ҳадаф аз пешниҳоди мазкур афзоиши даромад ба буҷети кишвар унвон мешавад.

Бино ба гуфтаи Ғафур Эркаев, талаботи Кумитаи андоз ба инобат гирифта шуда, субъектҳои хоҷагидор ба мақомоти дахлдори танзимгари бахши алоқа посух омода мекунанд ва дар он операторони мобилӣ пешниҳоду тавсия ва шарҳу тавзеҳи худро дар мавриди ин масъала изҳор мекунанд.

“Ҳисоби дақиқаҳои гуфтугӯи муштариён тариқи мессенҷерҳо аз лиҳози техникӣ ғайриимкон аст. Таҳиягарони мессенҷерҳо, ки аз онҳо дар Тоҷикистон истифода мебаранд, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Тоҷикистон нестанд. Мессенҷерҳо аз ҷониби сохторҳое танзим мешаванд, ки онҳоро бунёд кардаанд”, – қайд кард Эркаев.

То замони нашри матлаб ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки дар мавриди ин масъала аз Хадамоти алоқа ва Кумитаи андоз шарҳу тавзеҳ бигирад.

Ёдрас мекунем, ки охири соли 2017 раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода ба унвони президенти мамлакат мактуб фиристода, пешниҳод намуда буд, ки аз сервисҳое чун Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo ва ғайра андоз ситонида шавад. Ба ақидаи ӯ, ба ин васила ҳаҷми воридоти маблағҳои иловагӣ ба буҷет ба таври назаррас зиёд мешавад.

Нусратулло Давлатзода дар номааш зикр карда буд, ки бахши электронии фаъолият дар Тоҷикистон зери назорат қарор надорад.

«Дар ҳамин ҳол, одамон тариқи интернет билетҳои ҳавопаймоӣ, бозиву китобҳо  мехаранд, пешакӣ меҳмонхона фармоиш медиҳанд, вале бинобар сабаби номукаммал будани қонунгузории мо, андозбандии ин амалҳо ғайриимкон аст», – қайд карда буд ӯ ва сомонаҳое чун  mango.tj, volna.tj, megamag.tj, duexpress.tj-ро ба сифати мисол оварда буд.

Дар мактуб ҳамчунин қайд шуда буд, ки «дар натиҷаи истифодаи зангҳои NGN айни замон даромад аз андозҳои алоқаи овозии байнулмилалӣ кам шуда, мардум аз мессенҷерҳое ба монанди Wechat, Viber, OK, VK истифода мебаранд ва аз ин рӯ, назорати ин сервисҳо, афзоиши арзиши истифода аз онҳо ва ба ин васила зиёд кардани воридоти маблағ ба буҷет зарур аст».

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...