Раиси вилояти Андиҷон соҳибкоронро ба пардохти”андози футбол” уҳдадор кард

Дар Ӯзбекистон раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов дар рафти омодагиҳо барои бозиҳои Лигаҳои олӣ-2019 тамоми соҳибкорони вилоятро вазифадор кард, ки дастаи футболи "Андиҷон"-ро ҷамъан 8,5 миллиард сӯм (964 ҳазор доллар) "сармоягузорӣ" кунанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар феҳристи шашсаҳифагии ҳукумати вилояти Андиҷон номи 167 корхона ва ширкате оварда шудааст, ки бояд "андози […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Ӯзбекистон раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов дар рафти омодагиҳо барои бозиҳои Лигаҳои олӣ-2019 тамоми соҳибкорони вилоятро вазифадор кард, ки дастаи футболи "Андиҷон"-ро ҷамъан 8,5 миллиард сӯм (964 ҳазор доллар) "сармоягузорӣ" кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар феҳристи шашсаҳифагии ҳукумати вилояти Андиҷон номи 167 корхона ва ширкате оварда шудааст, ки бояд "андози футбол"-ро супоранд. Як мансабдори Андиҷон низ тасдиқ кард, ки ба соҳибкорон пешниҳод шудааст, то ба дастаи маҳаллии футбол "кумак" кунанд.

Як манбаи огаҳ аз ин қазия изҳор доштааст, ки сармоягузори аслии даста – ширкати GM Uzbekistan пулро пардохт накардааст ва бинобар ин, раиси вилоят пулро бар зиммаи соҳибкорони маҳаллӣ бор кардааст.

Гуфта мешавад, Абдураҳмонов 9 январи соли равон дар як вохӯрии худ мушкилиҳои моддиву техникии дастаи футболи "Андиҷон"-ро баррасӣ кардааст. Дар поёни ҷаласа рӯйхати 167 корхонае тартиб дода шудааст, ки бояд ба дастаи футбол кумаки моддӣ расонанд. Раҳбарони корхонаҳо муваззаф шудаанд, ба ҳисоби даста маблағ ворид кунанд.

Соҳибкорони Андиҷон мегӯянд, баъди ин ҷаласаи раиси вилоят ба онҳо фишор меоранд, то пулро тезтар пардохт кунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси фармони президенти Ӯзбекистон аз 9 марти соли 2017, GM Uzbekistan сармоягузори аслии дастаи футболи Андиҷон таъйин шудааст. Намояндаи ширкат гуфт, онҳо дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд ва бинобар ин, наметавонанд, дастаро сармоягузорӣ кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.