БДА Душанбе назорат аз болои мошинҳои ифлосро пурзӯр кард

Танҳо давоми як ҳафта дар ҷараёни баргузории рейди махсус кормадони БДА шаҳри Душанбе 153 адад автомашинаҳои ифлосро ошкор намуданд. Асосан автомашинаҳои боркаше боздошт шуданд, ки дар иншооти сохтмони пойтахт машғули коранд, хабар медиҳад Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе. Бино ба иттилои манбаъ, дар бештари маврид ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ба оддитарин Қоидаҳои ҳаракат дар […]

Танҳо давоми як ҳафта дар ҷараёни баргузории рейди махсус кормадони БДА шаҳри Душанбе 153 адад автомашинаҳои ифлосро ошкор намуданд.

Асосан автомашинаҳои боркаше боздошт шуданд, ки дар иншооти сохтмони пойтахт машғули коранд, хабар медиҳад Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе.

Бино ба иттилои манбаъ, дар бештари маврид ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ба оддитарин Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, дар баробари бо чархҳои ифлосу воситаи нақлиёти пур аз лой ҳаракат намудан, ҳамзамон бо пур аз бори пошхӯранда бе пардаи ҳимоятӣ идора мекарданд.

“Чунин дағаливу хунукназарӣ аз ҷониби баъзе аз ронандагон аст, ки ба муҳити тозаву экологӣ ва симои пойтахт латма ворид намуда, ҳамзамон роҳҳои нақлиётгарди дохилишаҳриро ифлос мекунанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Ронандагони ин автомашинаҳо мувофиқи моддаи 333 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронқунии Тоҷикистон (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба зарар боис мегардад) дар ҳаҷми аз 27 то 55 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Шуъбаи БДА шаҳри Душанбе бидуни ифшои ному насаб дар ин робита иттилоъ дод, ки қаблан ҳодисаҳои чаримабандии ронандагон аз ҷониби кормандони милитсия барои чунин қонуншиканӣ аҳёнан ва хеле кам сурат мегирифтанд.

“Раиси пойтахт чандин маротиба дар мавриди ҷой доштани чунин мушкилот дар шаҳр изҳори назар намуда, аз кормандони БДА тақозо намуд, ки дар ин самт тадбирҳо андешида шаванд”, – кард кард манбаъ.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.