Эмомалӣ Раҳмон ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ дастур дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ соли 2019 дар Тоҷикистон амр ба имзо расонид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумат, ҳадаф аз гузаронидани озмун эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он, баланд бардоштани маданияти дастархонороӣ маҳсуб мешавад. Ташкилкунандаи озмун Кумитаи дин […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ соли 2019 дар Тоҷикистон амр ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумат, ҳадаф аз гузаронидани озмун эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он, баланд бардоштани маданияти дастархонороӣ маҳсуб мешавад.

Ташкилкунандаи озмун Кумитаи дин дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошанд.

Иштирок дар озмуни ихтиёрӣ буда, дар он ҳамаи шаҳрвандони кишвар бидуни маҳдудият иштирок карда метавонанд.

Озмун нахуст дар сатҳи чамоату ноҳия ва шаҳру вилоятҳо бургузор шуда, ғолибони он барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии чамъбастӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Ғолибони озмун бо мукофотҳо ва туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Пеш аз ҷашни Иди Қурбон, ки 21 августи соли гузашта дар Тоҷикистон таҷлил гардид, Кумитаи дин андозаи дастурхони идонаро то 1х1,5 метр муқаррар намуд. Рӯи он бояд мева ва чанде аз навъҳои шириниҳои идона, аз ҷумла чагалдак ва орзуқ гузошта мешуд. Ба хушкмева ҳам ба қадри начандон зиёд иҷоза буд. Барои риоя нашудани ин қоидаҳо барои қонуншиканон 5 ҳазор ҷарима пешбинӣ гардида буд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.