Толибилмони тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ 13 медал гирифтанд

Дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) рӯзҳои 9-15 январ Олимпиадаи 15-уми байнулмилалӣ аз фанҳои математика, физика ва информатика доир гардид. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Гимназия-интернати Русия ва Тоҷикистон “Ҳотам ва П.В.” хабар доданд, аз лиҳози душвории вазифаҳо ин олимпиада марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз фанҳои зикршуда маҳсуб меёбад. Дар олимпиадаи мазкур 82 даста аз […]

Дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) рӯзҳои 9-15 январ Олимпиадаи 15-уми байнулмилалӣ аз фанҳои математика, физика ва информатика доир гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Гимназия-интернати Русия ва Тоҷикистон “Ҳотам ва П.В.” хабар доданд, аз лиҳози душвории вазифаҳо ин олимпиада марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз фанҳои зикршуда маҳсуб меёбад.

Дар олимпиадаи мазкур 82 даста аз 18 кишвари саросари дунё ширкат варзида, аз ҳар даста 3 нафар аз фанни математика ва 2-нафарӣ аз фанҳои физика ва информатика рақобат карданд.

Аз Тоҷикистон дар олимпиада 5 даста – 2-дастагӣ аз Литсей барои кӯдакони лаёқатманд ва “Ҳотам ва П.В.” –и шаҳри Душанбе ва 1 дастаи иборат аз толибилмони беҳтарини мактабҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

“Иштироки толибилмони тоҷикро метавон хеле муваффақона арзёбӣ намуд, зеро ҳеҷ гоҳ онҳо дар ин олимпиада ба гирифтани 13 медал, ки 2-тоаш тилло, 1 нуқра ва 10-тоаш биринҷӣ аст, ноил нагардида буданд”, – гуфтанд дар гимназияи “Ҳотам ва П.В.”.

Зикр гардид, ки ҳарду медалҳои тилло, медали нуқра ва 6 медали бириниҷиро хонандагони гимназияи “Ҳотам ва П.В.”, 3 медали биринҷиро толибилмони Литсей барои кӯдакони лаёқатманд ва боз 1 медали бириниҷиро мунтахаби дастаи Тоҷикистон ба даст оварданд.

Ба медалҳои тилло аз фанни физика ва математика толибилмони синфи 10 ва 11 Далер Пиров ва Наимҷон Хонҷонов, медали нуқра аз фанни физика хонандаи синфи 11 Фараҳманд Ҳасанов ва медалҳои биринҷӣ толибилмони литсейи “Ҳотам ва П.В” Шоҳрухҷон Исоматов, Сино Хайриддинов, Ҷамшед Рустамов ва Вазирҷон Пиров соҳиб шуданд.

Боқимонда медалҳои бириниҷиро хонандагони синфи 11 Давлатхоҷа Махсумов ва Акмал Мамадшоев аз фанни информатика, Тимур Саломатшоев аз фанни физика, Раҳмонҷон Собиров, Соҳибҷон Афғонов ва Ҷаҳонгир Ӯроқов аз фанни математика дарёфт намуданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.