Мастии марзбонон зимни рух додани садамаи марговар дар Хоруғ

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати ду афсари Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) маълум шуд, ки афсарони сарҳадбон замони рух додани садамаи нақлиёти марговар санаи 1 декабр дар Хоруғ маст будаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ дар ин робита хабар дод, ҳарду афсари қушӯнҳои сарҳадӣ дарҳол баъди рух додани садама боздошт ва имрӯз дар ҳабс қарор доранд.

“Дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки сарҳадбонони боздоштшуда аз рӯи далели даст доштан дар садамаи нақлиёти марговар дар Хоруғ, дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли машрубот қарор доштаанд. Ғайр аз ин, онҳо ҷойи хизматро худсарона тарк карда, бидуни огаҳии раҳбарият бо автомашинаи хизматӣ ба шаҳр баромадаанд”, – қайд карданд дар прокуратура.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба афсарон аз рӯи ин далелҳо низ айбнома пешниҳод мешавад.

Дар моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5  сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёти рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак бар асари бархӯрди автомашинаи хизматии тамғаи «Toyota RAV-4»-и сарҳадбонон ба автомашинаи мусофиркаш (маршрутка) ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...