Мастии марзбонон зимни рух додани садамаи марговар дар Хоруғ

Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати ду афсари Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) маълум шуд, ки афсарони сарҳадбон замони рух додани садамаи нақлиёти марговар санаи 1 декабр дар Хоруғ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати ду афсари Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) маълум шуд, ки афсарони сарҳадбон замони рух додани садамаи нақлиёти марговар санаи 1 декабр дар Хоруғ маст будаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ дар ин робита хабар дод, ҳарду афсари қушӯнҳои сарҳадӣ дарҳол баъди рух додани садама боздошт ва имрӯз дар ҳабс қарор доранд.

“Дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки сарҳадбонони боздоштшуда аз рӯи далели даст доштан дар садамаи нақлиёти марговар дар Хоруғ, дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли машрубот қарор доштаанд. Ғайр аз ин, онҳо ҷойи хизматро худсарона тарк карда, бидуни огаҳии раҳбарият бо автомашинаи хизматӣ ба шаҳр баромадаанд”, – қайд карданд дар прокуратура.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба афсарон аз рӯи ин далелҳо низ айбнома пешниҳод мешавад.

Дар моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5  сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёти рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак бар асари бархӯрди автомашинаи хизматии тамғаи «Toyota RAV-4»-и сарҳадбонон ба автомашинаи мусофиркаш (маршрутка) ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.