Соҳибкори тоҷик дар Деҳнави Ӯзбекистон 20 ҷойи корӣ таъсис дод

Соҳибкори тоҷик Суҳроб Ризоев барои сокинони шаҳри Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон 20 ҷойи корӣ таъсис дод. Тавре Агенти миллии иттилоотии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ӯ дар ин шаҳр фаъолияти ҶСП “Сомон Тӯрон”-ро ба роҳ монда, ин корхона аз картошка чипсҳо ва аз ҷуворимакка маҳсулот (таркибҳо) истеҳсол мекунад. Гуфта мешавад, имрӯз дар ин корхона 20 нафар сокинони […]

Соҳибкори тоҷик Суҳроб Ризоев барои сокинони шаҳри Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон 20 ҷойи корӣ таъсис дод.

Тавре Агенти миллии иттилоотии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ӯ дар ин шаҳр фаъолияти ҶСП “Сомон Тӯрон”-ро ба роҳ монда, ин корхона аз картошка чипсҳо ва аз ҷуворимакка маҳсулот (таркибҳо) истеҳсол мекунад.

Гуфта мешавад, имрӯз дар ин корхона 20 нафар сокинони ҷавони маҳаллӣ бо кор таъмин буда, соҳибкор ният дорад, ки ояндаи наздик сафи коргаронро ду баробар зиёд кунад.

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ дар дурнамои миёнамуҳлат боқӣ мондани сатҳи пасти воридшавии сармоягузориҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ва суръат гирифтани бурунрафти сармояро аз кишвар пешгӯӣ карда, ин тамоилро ба муҳити номусоид барои роҳандозии тиҷорат дар кишвар ва ҷараёни начандон қаноатбахши баргузории ислоҳот дар ин самт рабт медиҳанд.

Иқтисодчиёни мустақил мувофиқанд, ки шароити мавҷуда дар Тоҷикистон барои пешбурди тиҷорат ба бурунрафти сармоя ба ҳамсоякишварҳои мусоидат мекунад.

“Бархе аз тоҷирони мо фаъолияти худро дар ин ҷо қатъ карда, сармояи худро ба ҳамсокишварҳо, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва акнун аз чанде пеш ба Ӯзбекистон низ бароварданд. Тоҷироне низ ҳастанд, ки тиҷорати худро дар Афғонистони ҷангзада роҳандозӣ мекунанд. Ҳамааш бо он сабаб аст, ки ҳамсояҳо аллакай фаҳмиданд, ки соҳибкор на гови ҷӯшойӣ, балки муҳаррики иқтисод аст”, – изҳор намуд ба “Азия-Плюс” дар ин робита иқтисодчӣ Сайид Одинаев.

Ӯ зикр кард, ки тақрибан 70%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби бахши хусусӣ ташаккул меёбад ва ҳукуматдорон бояд бифаҳманд, ки ба сурати умум тақдири иқтисоди кишвар аз муносибат ба соҳибкорон вобаста аст.

“То чӣ қадре ки муносибат ба тиҷорат ба қадри кофӣ қобили қабул бошад, ҳамон қадр иқтисоди мо рушд хоҳад кард. Мутаасифона, алҳол дар мо ҳамаааш баръакс аст”, – илова намуд коршинос.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.