Си Ҷинпин Эмомалӣ Раҳмонро ба Пекин даъват кард

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин президенти Тоҷикистонро ба нишасти форуми “Як роҳ – як камарбанд”, ки моҳи апрели соли 2019 дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Пекин баргузор мешавад, даъват намуд. Даъвати сарвари давлати Чин ба унвони Эмомалӣ Раҳмон тариқи воситаҳои робитаҳои дипломатӣ расид, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин президенти Тоҷикистонро ба нишасти форуми “Як роҳ – як камарбанд”, ки моҳи апрели соли 2019 дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Пекин баргузор мешавад, даъват намуд.

Даъвати сарвари давлати Чин ба унвони Эмомалӣ Раҳмон тариқи воситаҳои робитаҳои дипломатӣ расид, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон.

Нишасти дуюми “Як роҳ – як камарбанд” моҳи апрели соли равон доир мегардад. Дар нишасти аввал моҳи майи соли 2017 дар Чин Эмомалӣ Раҳмон иштирок надошт.

Тоҷикистонро дар он нишаст вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Хадамоти гумруки назди ҳукумати кишвар Абдуфаттоҳи Ғоиб намояндагӣ карда буданд.

Ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.

Дар он ҳамчунин бунёди долонҳои нави тиҷоративу нақлиётӣ, ки беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам мепайванданд, пешбинӣ шудааст, ки ба рушди мунсибатҳои тиҷоратӣ байни Чин ва ин кишварҳо мусоидат мекунад.

Ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 зимни сафараш ба Қазоқистон пешниҳод гардида, аз ду лоиҳа – «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва «Роҳи баҳрии Абрешим асри XXI» иборат аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.