Ҳалокати падару писар зери тарма дар Ишкошим

Бар асари фаромадани тарма падару писар, сокинони ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҳалок шуданд. Мафтулбек Музофирбекови 40-сола ва падари ӯ – Ақризобек Музофирбекови 64-сола нимаи дуюми рӯзи 17 январ ҳангоми тозакунии роҳи Хоруғ – Ишкошим аз барф зери тарма монданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ. […]

Аваз Юлдошев

Бар асари фаромадани тарма падару писар, сокинони ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҳалок шуданд.

Мафтулбек Музофирбекови 40-сола ва падари ӯ – Ақризобек Музофирбекови 64-сола нимаи дуюми рӯзи 17 январ ҳангоми тозакунии роҳи Хоруғ – Ишкошим аз барф зери тарма монданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ҷасади Музофирбекови ҷавон аз зери тарма берун оварда шуда, ҷустуҷӯи ҷасади падари ӯ идома дорад.

Як рӯз пеш дар қаламрави ноҳияи Ванҷ 5 нафар сокинони маҳаллӣ зери тарма монданд. Ҳодисаи тармафароӣ дар роҳи байни деҳаҳои Мотравн ва Жамаги ҷамоати Язгулом рух додааст. Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки чор нафари онҳо наҷот дода шуда, ҷустуҷӯи як каси дигар аз зери тарма идома дорад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.