Волидони тоҷикистонии аз таркиш осебдида дар Магнитогорск ба Челябинск мераванд

Тӯтихон Улфатова ва Маҳмадшо Улфатов, волидони тоҷикистонии аз таркиш осебдида дар Магнитогорск ва оилаашро аздастдода бар асари ин ҳодиса, рӯзҳои наздик ба Челябинск мераванд. Онҳо ба аёдати писарашон рафта, лекин дар бораи марги ҳамсару фарзандонаш ба ӯ хабар намедиҳанд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” пайвандону наздикони оилаи Улфатовҳо. Бахтиёр Султонов, яке аз пайвандони Шуҳрат Улфатов хабар дод, […]

Тӯтихон Улфатова ва Маҳмадшо Улфатов, волидони тоҷикистонии аз таркиш осебдида дар Магнитогорск ва оилаашро аздастдода бар асари ин ҳодиса, рӯзҳои наздик ба Челябинск мераванд. Онҳо ба аёдати писарашон рафта, лекин дар бораи марги ҳамсару фарзандонаш ба ӯ хабар намедиҳанд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” пайвандону наздикони оилаи Улфатовҳо.

Бахтиёр Султонов, яке аз пайвандони Шуҳрат Улфатов хабар дод, ки Тӯтихон шиносномаи хориҷӣ гирифта, акнун масъалаи санаи парвоз муайян карда мешавад.

“Онҳо танҳо ба аёдати ӯ мераванд. Ҳарчанд табибон вазъи солимии Шуҳратро каме хуб арзёбӣ кунанд ҳам, огоҳ кардани ӯ аз хабари фоҷеанок ҳанӯз барвақт аст. Ин метавонад ба вазъи солимии ӯ таъсири манфӣ расонад”, – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, табибон хабар додаанд, ки вазъи солимии ӯ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, баъди 3-4 рӯз ӯро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумӣ мегузаронанд ва дигар ҳеҷ ҷарроҳие нисбати Шуҳрат ба нақша гирифта нашудааст.

Зимнан зикр гардид, ки масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ба фавтидагон аз ҷониби ҳукуматдорони Русия ҳал шуда, ба онҳо ваъда додаанд, ки он пурра пардохт мешавад.

“Пеш аз сафар аз Магнитогорск ин масъаларо бо кормандони дастгоҳи шаҳр баррасӣ кардем. Гуфтем, ки барои ба хок супурдани фавтидагон ба Тоҷикистон меравем. Онҳо хабар доданд, ки баъди бозгашт аз Тоҷикистон ҷубронпулиро мегирем. Маблағи ҷубронпулӣ алҳол маълум нест”, – илова намуд Султонов.

Субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.

Зимни амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 45 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 39 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд.

Соатҳои аввали рух додани ҳодиса 18 нафар, аз ҷумла падари хонаводаи Улфатовҳо аз Тоҷикистон – Шуҳрат Улфатов аз зери харобаҳо наҷот дода шуданд. Ҷасадҳои модари оила Раҷабмо ва се фарзанди хурдсоли ӯ баъди се рӯз дарёфт шуданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.