Иштироки дзюдочиёни тоҷик дар нахустин мусобиқаи Гран-прии имсола

Asia-Plus

Дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел-Авив рӯзҳои 24-26 январ мусобиқаи Гран-При оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо, Гран-Прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар соли 2019 буда, дар ин мусобиқа 405 варзишгар (230 мард, 177 зан) аз 54 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгар – Беҳрӯз Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳар ду вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ мекунанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал мукофотпулӣ низ дарёфт мекунанд: барои ҷои аввал дар ҳамаи вазнҳо 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқаи Гран-при касби имтиёзҳои рейтингӣ барои иштирок дар Олимпиадаи Токио-2020 низ имконпазир буда, ғолибон – 700, зинаҳои дуюму сеюм – мутаносибан 490 ва 350 чунин имтиёзҳоро ба даст оварда метавонанд. Ҳамаи мусобиқаҳои интихобии Олимпиадаи Токио-2020 оид ба дзюдо соли 2019 ва аввали соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Зикр мегардад, ки феълан дар раддабандии олимпӣ Акмал Муродов дар ҷои 53-и вазни -81кг, Саидҷалол Саидов низ дар ҷои 53-и вазни -100кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 56 ва Хайёмиддин Ҷабборов дар ҷои 99-и вазни -73кг мавқеъ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.