Иштироки дзюдочиёни тоҷик дар нахустин мусобиқаи Гран-прии имсола

Дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел-Авив рӯзҳои 24-26 январ мусобиқаи Гран-При оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо, Гран-Прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар соли 2019 буда, дар ин мусобиқа 405 […]

Дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел-Авив рӯзҳои 24-26 январ мусобиқаи Гран-При оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо, Гран-Прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар соли 2019 буда, дар ин мусобиқа 405 варзишгар (230 мард, 177 зан) аз 54 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгар – Беҳрӯз Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳар ду вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ мекунанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал мукофотпулӣ низ дарёфт мекунанд: барои ҷои аввал дар ҳамаи вазнҳо 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқаи Гран-при касби имтиёзҳои рейтингӣ барои иштирок дар Олимпиадаи Токио-2020 низ имконпазир буда, ғолибон – 700, зинаҳои дуюму сеюм – мутаносибан 490 ва 350 чунин имтиёзҳоро ба даст оварда метавонанд. Ҳамаи мусобиқаҳои интихобии Олимпиадаи Токио-2020 оид ба дзюдо соли 2019 ва аввали соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Зикр мегардад, ки феълан дар раддабандии олимпӣ Акмал Муродов дар ҷои 53-и вазни -81кг, Саидҷалол Саидов низ дар ҷои 53-и вазни -100кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 56 ва Хайёмиддин Ҷабборов дар ҷои 99-и вазни -73кг мавқеъ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.