Бекор шудани се созишномаи ҳамкории Украина дар доираи ИДМ

Девони вазирони Украина қарор кард, ки фаъолияти се созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бекор карда шавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, инҳо қарордоди табодули байнидавлатии маълумоти иқтисодӣ, қарордоди табодули маълумот дар бахши иқтисоди хориҷӣ ва қарордоди ҳамкорӣ дар бахши фаъолиятҳои марбут ба иқтисоди хориҷӣ ҳастанд. Гуфта мешавад, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Девони вазирони Украина қарор кард, ки фаъолияти се созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бекор карда шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, инҳо қарордоди табодули байнидавлатии маълумоти иқтисодӣ, қарордоди табодули маълумот дар бахши иқтисоди хориҷӣ ва қарордоди ҳамкорӣ дар бахши фаъолиятҳои марбут ба иқтисоди хориҷӣ ҳастанд.

Гуфта мешавад, ду санади аввал солҳои 1992 ва 1993 дар Минск ва Москва имзо шудаанд. Созишномаи севум дар бораи ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди хориҷӣ 15-уми майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расидааст.

Бино ба қарори ҳукумати Украина, Вазорати умури хориҷии ин кишвар бояд дар кӯтоҳтарин фурсат кумитаи иҷроияи кишварҳои ИДМ-ро аз қатъи фаъолияти қарордодҳои номбурда огоҳ кунад.

Зикр мегардад, ки моҳи декабри соли 2018 дар Украина қонун дар бораи манъи созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Русия, ки соли 1997 имзо шуда буд, ба иҷро даромад. Президенти Украина Петр Порошенко ин қарорро "танҳо як бахши стратегияи Киев барои шикастани гузаштаи истеъморӣ" унвон кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.