Оғози кори бузургтарин нерӯгоҳи барқи офтобии минтақа дар Қазоқистон

Дар шаҳри Сарани вилояти Қарағандаи Қазоқистон бузургтарин нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ – ТОО "SES Saran” бо иқтидори 100 мегаватт ба кор шурӯъ намуд. Бино ба иттилои zakon.kz, дар майдони 164 гектар 307 ҳазор панелҳои волтаӣ гузошта шудаанд, ки энергияи офтобро ба барқ табдил медиҳанд. Гуфта мешавад, акнун дар Қазоқистон ду нерӯгоҳи бузурги […]

Дар шаҳри Сарани вилояти Қарағандаи Қазоқистон бузургтарин нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ – ТОО "SES Saran” бо иқтидори 100 мегаватт ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои zakon.kz, дар майдони 164 гектар 307 ҳазор панелҳои волтаӣ гузошта шудаанд, ки энергияи офтобро ба барқ табдил медиҳанд.

Гуфта мешавад, акнун дар Қазоқистон ду нерӯгоҳи бузурги барқи офтобӣ дар минтақа – Бурмин ва Саран амал мекунанд. Дар нерӯгоҳи барқи офтобӣ аз технологияҳои пешрафта, панелҳои хуб истифода шуда, тамоми ҷараёни кор ба таври автоматӣ сурат мегирад.

Панелҳои нерӯгоҳи Саран аз насли охири батареяҳои офтобӣ буда, дар онҳо барф ҷамъ шудаву боқӣ намемонад. Борон ба замин шуста шуда, ба ин васила аз онҳо ба панелҳо ҳеҷ зиёне намерасад. Ҳатто дар обуҳавои абрноку тира ҳам ин панелҳо ба истеҳсоли наздики 10-15 мегаватт нерӯи барқ қодиранд.

Лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи байнулмилалии сармоягузорӣ аз Олмону Чехия ва Словакия мавриди амалишавӣ қарор дошта, арзиши умумии сармоягузориҳои хусусӣ 137 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.