Ҳадяи Алишер Усмонов ба Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон

Соҳибкори маъруфи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ба маблағи 8 млн. доллар маҷмӯаи китобҳои нодир ҳадя кард. Бино ба иттилои хабаргузории Podrobno.uz, маҷмӯа аз 4923 номгӯи китобҳо бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ иборат буда, байни онҳо асарҳо доир ба таъсири шарқ ва ҷаҳони ислом ба Аврупо, ҳамчунин нахустин тарҷумаи лотинии […]

Соҳибкори маъруфи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ба маблағи 8 млн. доллар маҷмӯаи китобҳои нодир ҳадя кард.

Бино ба иттилои хабаргузории Podrobno.uz, маҷмӯа аз 4923 номгӯи китобҳо бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ иборат буда, байни онҳо асарҳо доир ба таъсири шарқ ва ҷаҳони ислом ба Аврупо, ҳамчунин нахустин тарҷумаи лотинии “Ал-Қонун”-и Абӯалӣ ибни Сино низ мавҷуд аст.

Қобили зикр аст, ки Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд бо дастгирии Алишер Усонов сохта шуда истодааст.

Дар назар аст, ки маҷмаа мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ бунёд гардида, он аз китохона, маркази иттилоотӣ-захиравӣ, кафедраҳои илмӣ, толори конфронс, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншоот иборат хоҳад буд.

Моҳи июни соли 2018 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба оғози сохтмони Маркази мазкур санги асос гузошта буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.