Эълони озмуни интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2019” дар Тоҷикистон

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2019» озмун эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, талаботи асосӣ барои иштирокчиёни озмун – огоҳии комил доштан аз аҳкоми маносики ҳаҷ; доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён; ҷисман обутобёфта будан; дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани […]

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2019» озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, талаботи асосӣ барои иштирокчиёни озмун – огоҳии комил доштан аз аҳкоми маносики ҳаҷ; доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён; ҷисман обутобёфта будан; дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират муқаррар шудааст.

“Дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2019" нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд, – қайд мешавад дар хабар. – Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро аз 25 январ то 15 феврали соли 2019 ба Кумита пешниҳод намоянд”.

Таъкид мешавад, ки тибқи муқаррароти ҷониби Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 534 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.

Соли 2018 ҳамроҳ бо ҳайати хизматгузорӣ 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо шарафёб гардиданд. Маблағи харҷи адои маросими ҳаҷ барои ҳар кадоме аз тоҷикистониён 33 ҳазору 410 сомониро ташкил дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин Афшин Муқим хабар дод, шумори квотаҳо барои Тоҷикистон дар соли 2019 барои адои маросими ҳаҷ аз ҷониби Арабистони Саудӣ алҳол муқаррар нашуда, ҳамчунин арзиши адои маросими ҳаҷи имсола низ ҳанӯз маълум нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.