“Сомон Эйр” агентиҳои фурӯши билетҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақомоти дахлдор барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати агентони қаблӣ оиди фуруши билетҳо, ки бо фиребкунии мусофирон машғул буданд, дархост ирсол намудааст.

“Бо мақсади халал нарасонидан ба рафти тафтишот, ширкат аз тафсилоти бештари ин мавзуъ худдорӣ менамояд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ҶСК “Сомон Эйр”.

Ширкати ҳавопаймоӣ ният дорад, ки аз оғози моҳи ояндаи хазина (касса)-и шахсии фурӯши билетҳоро боз намояд.

“Огоҳ мекунем, ки аз 1 феврали соли 2019 назди дафтари асосии кории ширкат хазинаи шахсии “Сомон Эйр” бо тартиби шабонарӯзии фурӯши билетҳо фаъолияташро оғоз мекунад ва ҳар як мусофир метавонад чиптаҳоро бе миёнарав дастрас кунад”, – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Қобили зикр аст, ки хазинаи то ин замон назди дафтари асосии кории ширкат воқеъбуда шабонарӯзӣ фаъолият намекард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...