“Сомон Эйр” агентиҳои фурӯши билетҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақомоти дахлдор барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати агентони қаблӣ оиди фуруши билетҳо, ки бо фиребкунии мусофирон машғул буданд, дархост ирсол намудааст. “Бо мақсади халал нарасонидан ба рафти тафтишот, ширкат аз тафсилоти бештари ин мавзуъ худдорӣ менамояд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ҶСК “Сомон Эйр”. Ширкати ҳавопаймоӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақомоти дахлдор барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати агентони қаблӣ оиди фуруши билетҳо, ки бо фиребкунии мусофирон машғул буданд, дархост ирсол намудааст.

“Бо мақсади халал нарасонидан ба рафти тафтишот, ширкат аз тафсилоти бештари ин мавзуъ худдорӣ менамояд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ҶСК “Сомон Эйр”.

Ширкати ҳавопаймоӣ ният дорад, ки аз оғози моҳи ояндаи хазина (касса)-и шахсии фурӯши билетҳоро боз намояд.

“Огоҳ мекунем, ки аз 1 феврали соли 2019 назди дафтари асосии кории ширкат хазинаи шахсии “Сомон Эйр” бо тартиби шабонарӯзии фурӯши билетҳо фаъолияташро оғоз мекунад ва ҳар як мусофир метавонад чиптаҳоро бе миёнарав дастрас кунад”, – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Қобили зикр аст, ки хазинаи то ин замон назди дафтари асосии кории ширкат воқеъбуда шабонарӯзӣ фаъолият намекард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.