Боз кордкашӣ. Муноқишаи навбатии ноболиғон

Тавре дар сомонаи ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ноболиғи кордкашида дар пайи муроҷиати сокини 39-солаи пойтахт – падари ноболиғи ҷабрдида боздошт шудааст. “Нимаи рӯзи 22-юми январи соли 2019 писари ноболиғи 15-солаи ин мардро дар маҳаллаи Қазоқони пойтахт, ноболиғи 15-солаи сокини кӯчаи Қазоқон аз ҳиссиёти авбошӣ зери лату кӯб қарор дода, бо корд […]

Тавре дар сомонаи ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ноболиғи кордкашида дар пайи муроҷиати сокини 39-солаи пойтахт – падари ноболиғи ҷабрдида боздошт шудааст.

“Нимаи рӯзи 22-юми январи соли 2019 писари ноболиғи 15-солаи ин мардро дар маҳаллаи Қазоқони пойтахт, ноболиғи 15-солаи сокини кӯчаи Қазоқон аз ҳиссиёти авбошӣ зери лату кӯб қарор дода, бо корд як маротиба ба пушташ задааст”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ноболиғ бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, соли гузашта дар пойтахт 261 ҳолатҳои содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби 163 нафар ноболиғон (соли 2017 – 96 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумор танҳо 95 нафарашон сокинони пойтахт буда, ба содир намудани 134 ҷиноят даст задаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.