Натиҷаҳои мусбати “Амонатбонк” Ҳакимзодаро аз барканорӣ аз мансаб наҷот надоданд

Сатҳи пардохтпазирии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” ҳамчун нишондиҳандаи асосии фаъолият муътадил нигоҳ дошта шуда, дар сатҳи 83,3% (меъёр на кам аз 30%) ва ё 3 маротиба зиёд таъмин гардидааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти “Амонатбонк”, то ба имрӯз Бонк тамоми уҳдадориҳои худро назди амонатгузорон ва шарикони рушди дохилию хориҷӣ сари вақт иҷро намуда […]

Сатҳи пардохтпазирии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” ҳамчун нишондиҳандаи асосии фаъолият муътадил нигоҳ дошта шуда, дар сатҳи 83,3% (меъёр на кам аз 30%) ва ё 3 маротиба зиёд таъмин гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти “Амонатбонк”, то ба имрӯз Бонк тамоми уҳдадориҳои худро назди амонатгузорон ва шарикони рушди дохилию хориҷӣ сари вақт иҷро намуда истода, дар ин самт ягон мушкилӣ мавҷуд нест.

Гуфта мешавад, дороиҳои Бонк маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 3,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 ҳаҷми дороиҳо 14,5% ва уҳдадориҳо 14,3% зиёд гардид. Сармояи Бонк бошад, 10% афзоиш ёфта, ба 396,7 млн. сомонӣ баробар шуд.

Даромади умумии соҳа дар соли ҳисоботӣ 518,8 млн. сомонӣ, хароҷоти умумӣ 463,3 млн.сомонӣ, даромади тавозунӣ 55,5 млн. сомонӣ ва даромади соф 36 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 13,2% зиёд мебошад.

Даромадҳои соҳа дар давраи ҳисоботӣ асосан аз ҳисоби даромадҳои фоизӣ – 54%, хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон – 22%, аз амалиётҳои хариду фурўши арзи хориҷӣ – 14%, барқароршавии ФПТИ ташаккулдодашуда аз рӯи қарзҳо 9% ба даст омадаанд. Дар муқоиса ба соли 2017 даромади умумии Бонк дар ҳаҷми 100,9 млн. сомонӣ ё 24% зиёд шудааст.

Хароҷоти умумии Бонк дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 – 17% афзудааст, ки он асосан аз ҳисоби васеъ шудани доираи шабакаҳои Бонк (таъсиси МХБ, нуқтаҳо ва хазинаҳои шабонарӯзӣ) ва инкассатсияи маблағҳо вобаста ба зиёдшавии теъдоди муштариён, инчунин вобаста ба суст гардидани пардохтпазирии муштариён ташаккули ФПТИ аз рӯи қарзҳо мебошад.

Раҳбарияти нав

Бо вуҷуди дастовардҳо ва натиҷаҳои мусбати фаъолияти “Амонатбонк” тайи солҳои охир, роҳбари ин бонк Руҳулло Ҳакимзода рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта бидуни чашмдошт аз мансабаш сабукдӯш гардид.

Ба ҷойи ӯ собиқ муовини раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Икромӣ таъин шуд, ки то ба Бонки миллӣ гузаштан, ба ҳайси муовини раис дар “Амонатбонк” кор мекард.

Баъди аз ҷониби Сарвари давлат мавриди интиқоди шадид қарор гирифтан дар маҷлиси васеи ҳукумат оид ба ҷамъбасти соли 2019, дар бораи аз вазифааш озод кардани раиси “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода қарори ҳукумат содир шуд.

Дастрас кардани шарҳи расмӣ дар бораи сабабҳои аз мансаб барканор шудани Ҳакимзода ғайриимкон аст. Лекин чанде аз коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки сабаби ин ба масъалаи қарзҳои пардохташон батаъхирафтода ба маблағи 45 млн. сомонӣ вобаста аст, ки қаблан аз ҷониби “Амонатбонк” ба ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар мансаби раиси БДА “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода шурӯъ аз соли 2015 фаъолият мекард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.