Аввали тобистон сарони 27 кишвари дунёро дар Душанбе интизоранд

Нимаи аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) доир мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита хабар дод, омодагии шаҳр ба ин нишаст зери назорати шахсии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Зикр гардид, ки дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нимаи аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита хабар дод, омодагии шаҳр ба ин нишаст зери назорати шахсии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Зикр гардид, ки дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва  Ӯзбекистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатие мебошад, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта, дафтари марказиаш дар шаҳри Остона воқеъ аст.

Ин созмон 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Ӯзбекистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайраро муттаҳид месозад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашта, айни замон намояндаи Тоҷикистон Ҳабиб Мирзозода, ба ҳайси мудири иҷроияи Машварат фаъолият мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.